27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГИИ СОКИНОНИ ПОЙТАХТРО БАЛАНД МЕБАРДОРЕМ. Дар ҳалқароҳҳои Душанбе мониторҳои таблиғотӣ насб шуданд

198
Бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳалқароҳҳои хиёбони Саъдии Шерозӣ ва Синои шаҳри Душанбе мониторҳои таблиғотӣ насб гардиданд. Ҳадафи иқдоми мазкур баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ва меҳмонони пойтахт мебошад.

Тавре аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, насби мониторҳо дар ҷойҳои серодам яке аз роҳҳои нави иттилоърасонӣ ва маърифатбахшӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт дар самти муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологӣ маҳсуб мешавад.

Андозаи мониторҳо 18 метри мураббаъ буда, бо формати НD ба сокинону меҳмонони пойтахт имконият медиҳад, ки аз масофаи дур низ видеороликҳои таблиғотии экологиро тамошо намуда, барои тозаю озода нигоҳ доштани пойтахти мамлакат саҳм гузоранд. Мониторҳо сифати баланд дошта, бо системаи электронии замонавӣ идора мегарданд.

Мониторҳои таблиғотӣ дар гӯшаҳои пойтахт бо мақсади татбиқи ҳадафҳои «Барномаи маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ҷиҳати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал (CAMP4ASB)» насб гардидаанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво