9 май 2021, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Тоҷикистон дар оянда барои ҳамлу нақли бор аз бандари «Туркменбошӣ» истифода менамояд

22
Интизор меравад, ки дар оянда Тоҷикистон барои воридот ба ҷумҳурӣ ва баровардани бор аз он аз бандари баҳрии «Турменбошӣ» истифода намояд. Масъалаи мазкур дар вохӯрии намояндагони нақлиёти Тоҷикистон ва Туркманистон, ки дар шакли маҷозӣ доир гардид, баррасӣ шуд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт матраҳ гардиданд.

Дар мулоқот ҳайатҳои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Агентии «Туркменавтоулаглари» ва Агентии «Туркмендемирёллари» масъалаҳои ҳамкории дуҷониба оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, роҳи оҳан, гузариши транзитӣ ва дигар масъалаҳои ҷойдоштаро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо ҳавасмандӣ ва омодагии худро ҷиҳати барқарор намудани ҳамкорӣ дар самти ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва роҳи оҳан баён намуда, иброз доштанд, ки бо риояи ҳатмии талаботи эпидемиологӣ барои амалӣ намудани ҳамлу нақли дуҷониба ва транзит чораҳои зарурӣ роҳандозӣ хоҳанд кард.






Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво