Вакилони МН масъалаи тағйирот ба Қонун «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он»-ро баррасӣ карданд
243
Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, лоиҳаи қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, мақсад аз таҳияи он мукаммалгардонии меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он», мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти дахлдор дар соҳаи ғалла ва маҳсулоти коркарди он мебошад. Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода зимни баррасии Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» иброз дошт, ки дар лоиҳаи қонун ба моддаҳои 1, 8, 16 ва 19-и Қонуни амалкунанда тағйирот пешбинӣ гардида, тибқи онҳо мутобиқ намудани меъёрҳои қонун, муайян ва мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ғалла ва маҳсулоти коркарди он муқаррар карда шудааст. Тағйироти воридгардида барои бартараф кардани гуногунфаҳмӣ дар асоси мушаххас кардани ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти ғалла, коркарди саноатии ғалла, бехатарии озуқавории ғалла, стандартикунонӣ ва нозироти ғалла, маҳсулоти коркарди он ва захираҳои давлатии ғалла пешбинӣ шудааст.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |