28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Изҳороти муштараки Ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон

126
1 май дар шаҳри Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии Ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон бо роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Ятимов ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон К.Ташиев доир гардид.

Ҳангоми баррасии вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ҳарду ҷониб аз ин ҳодиса изҳори таассуф намуда, ба оила ва наздикони қурбониён изҳори тасаллият баён доштанд. Изҳор карда шуд, ки ба сурат гирифтани чунин ҳодиса дар оянда роҳ дода наҳоҳад шуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки фавран ба баргардонидани техникаи низомӣ ба макони ҷойгиршавии доимии онҳо шурӯъ мекунанд.

Дар ҷараёни мулоқот оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт.

Ба гурӯҳҳои кории топографӣ супориш дода шуд, ки ҳарчи зудтар ба тасвири сарҳади давлатӣ дар қисматҳои боқимонда шурӯъ кунанд.

Ҷонибҳо ба таърихи қадимаи халқҳои бародар ишора намуда, омодагии худро дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди тарафайнро баҳри ҳалли ҳама масъалаҳои мавҷудаи марзӣ изҳор намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво