19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров раванди музокироти Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд

130
1 май бо ташаббуси ҷониби Россия байни Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров суҳбати телефонӣ сурат гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

С.Муҳриддин ба ҳамтои худ дар бораи ҳодисаҳо дар сарҳад бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва созиш оиди ба эътидол овардани вазъ маълумот дод.

Вазири корҳои хориҷии мо азми Тоҷикистонро баҳри ҳалли масъалаҳои сарҳад бо Қирғизистон танҳо бо роҳи гуфтушунидҳо ва дарёфти формулаҳои барои ҳарду ҷониб қобили қабул, бо назардошти манфиатҳои миллии кишварҳо, тасдиқ кард.

С.Лавров аз роҳандозии раванди музокироти Тоҷикистону Қирғизистон ва инчунин тавофуқи ҳосилшуда дар бораи оташбас истиқбол кард.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво