19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Маҳмадтоир Зокирзода дар мулоқоти сарони парлумонҳо иштирок намуд

213
Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи сарони парлумонҳо таҳти шиори «Нақши парлумонҳо дар таҳкими сулҳ ва эътимоди байналмилалӣ», ки ба 30-солагии истиқлоли давлатии Туркманистон ва 25-умин солгарди бетарафии ин кишвар бахшида шудааст, дар реҷаи фосилавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки ҷаласаи мазкур боз як далели садоқати Туркманистони дӯст ба ҳадафҳои таҳкими сулҳ, амният ва эътимоди ҷаҳонӣ мебошад.

Аз ҷониби Туркманистон ба даст овардани мақоми бетарафии доимӣ дар сатҳи байналмилалӣ бидуни муболиға, дар таърихи муосири кишвар воқеаи дорои аҳамияти фавқулода гардидааст. Идомаи мантиқии талошҳои кишвар дар ин соҳа бо ибтикори Туркманистон аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2021 эълон гардидани «Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод» мебошад.

-Ҷаласаи имрӯзаи мо,-гуфт Маҳмадтоир Зокирзода,- дар ҷаҳони зудтағйирёбанда ва шароити мураккаби байналмилалӣ сурат мегирад. Тамоюлҳои рақобати ҷаҳонии геополитикӣ тақвият меёбанд, муносибатҳои байналмилалӣ ноустувор боқӣ мемонанд ва буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки дар натиҷаи пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омадааст, тӯлонӣ мегардад.

Дар асоси ин воқеият, Тоҷикистон пайваста ҷонибдори рафъи ҳама гуна таҳдидҳо ба сулҳу субот, амнияти ҷаҳонию минтақавӣ дар асоси равишҳои бисёрҷониба мебошад. Бинобар ин, Тоҷикистон татбиқи тадбирҳои муассир ва пурсамарро барои ба ҳам наздик намудани манфиатҳои миллӣ ва талошҳои байналмилалӣ, муттаҳид сохтани кӯшишҳои ҳамаи давлатҳо барои вокуниши муносиб ба таҳдидҳо ва чолишҳои ҷаҳони муосир дастгирӣ менамояд. Ғояи ҳамкории минтақавӣ дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимоди тарафайн нақшаҳои нави амалӣ касб мекунад.

Ба ҳама маълум аст, ки истиқрори сулҳу субот дар Афғонистони ҳамсояи мо кафолати таҳкими амният ва оромӣ дар минтақа мебошад.

Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки «мавқеи созандаи Тоҷикистон дар масъалаи мушкилоти Афғонистон борҳо аз минбарҳои гуногун аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо додааст. Возеҳу равшан аст, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳалли мусолиҳатомези мушкилоти марбут ба Афғонистон буд, ҳаст ва боқӣ хоҳад монд. Мо ҳарчи бештар кӯшиш мекунем, ки дар ин раванд саҳм гузорем. Парлумонҳои кишварҳои мо метавонанд дар ташкил ва пешрафти босамари ин раванд нақши муҳим дошта бошанд».

Фаъолияти Парлумони Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун мақоми олии қонунбарор дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ мебозад.

Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба монанди дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ, имсол 30-солагии Истиқлоли давлатии худро ҷашн мегирад.

«Дар доираи ислоҳоти конститутсионӣ мо Парлумони касбии доимоамалкунанда таъсис додем. Имрӯз дар Парлумон манфиатҳои тамоми қишрҳои ҷомеа таъмин карда шудаанд ва Парлумони мо дар раванди рушди мутавозини ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар нақши назарраси созанда дорад»,-гуфт мавсуф.

Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин зикр намуд, ки кишвари мо дар як муддати кӯтоҳ аз рӯи меъёрҳои таърихӣ, тавонист дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ сиёсати мутавозин ва сулҳдӯстонаи “дарҳои боз» -ро амалӣ намояд. Тоҷикистон ҷонибдори ташаккули системаи нави ҷаҳониест, ки аз муноқишаҳо ва ҷангҳо, зӯроварӣ, зулм ва ҳама гуна намуди нафрат озод аст.

Дар нишасти мазкур ҳамчунин сарони парлумони кишварҳои 14 давлат, аз ҷумла Россия, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Молдова, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.

АКС аз Маҷлиси намояндагон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво