29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои пайвастшавии хатҳои муҳандисӣ дар биноҳои навбунёди баландошёнаи кӯчаи Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансур мулоқоти корӣ доир гардид

174
Дар Душанбе ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои пайвастшавии хатҳои муҳандисӣ дар биноҳои навбунёди баландошёнаи кӯчаи Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансур мулоқоти корӣ доир гардид
Бо супориши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе бо намояндагони сохторҳои шабакавии муҳандисии шаҳрӣ, лоиҳакашон ва ширкатҳои сохтмонӣ ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои пайвастшавии хатҳои муҳандисӣ, аз ҷумла таъминоти барқ, об, шабакаҳои обу корезӣ ва ҳамзамон ҷараёни корҳои сохтмонии биноҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмурии баландошёна дар кӯчаи Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансур мулоқоти корӣ доир намуд.
Дар ин бора аз Сарраесати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мавриди зикр аст, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе иншооти нав, аз ҷумла биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ бунёд мешаванд. Аз ҷумла, дар ин давра Консепсияи меъморӣ ва шаҳрсозии кӯчаи Садриддин Айнӣ, ки дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия гардидааст, аз буриши кӯчаи «Дӯстии халқҳо» то майдони Ғалаба амалӣ мешавад.
Консепсияи меъморӣ ва шаҳрсозии кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи Дӯстии халқҳо дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия гардида, аз 50 бинои дар ин мавзеъ сохташаванда 19 бинои баландошёнаи он дар ду шафати роҳи асосӣ бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир сохта мешаванд.
Биноҳои истиқоматии сохташаванда на камтар аз 12 ошёна буда, дар онҳо бунёди инфрасохтори зарурӣ, ба монанди майдончаҳои бозии кӯдакон, боғчаҳои бачагона, мактаб, дармонгоҳҳо, таваққуфгоҳ ва шабакаи обу корез ба нақша гирифта шудаанд.
Ҳамчунин дар ҳамин кӯча биноҳои нави маъмурии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ сохта мешаванд. Тибқи дурнамо, сохтмони биноҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15, Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова дар назар аст.
Дар ҷои пештараи маркази савдои «Олами китоб» -и ноҳияи Шоҳмансур марказҳои замонавии иборат аз 18 то 20-қабата бунёд гардидааст, ки сохтмони онҳоро ҶДММ «Шаҳри зебои мо» ба анҷом расонидааст. Дар қабатҳои 1-2-юми ин биноҳо марказҳои савдою хизматрасонӣ ва дар қабатҳои болоии он ҳуҷраҳои истиқоматӣ бунёд шудааст.
Ҳамчунин Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элит-стройсервис» бинои бисёрҷабҳаи серошёна, аз ҷумла меҳмонхонаи панҷситорадорро дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур бунёд менамояд.
Дар Душанбе ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои пайвастшавии хатҳои муҳандисӣ дар биноҳои навбунёди баландошёнаи кӯчаи Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансур мулоқоти корӣ доир гардид
Айни замон дар буриши кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Аҳмади Дониши пойтахт сохтмони чор бинои 16-ошёна, ки аз лиҳози тарҳи меъморӣ дар шаҳр беназиранд, анҷом ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки 5 июли соли 2020 Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаи Консепсияи меъморӣ ва шаҳрсозии кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши кӯчаи «Дӯстии халқҳо» то майдони Ғалаба шинос гардида буданд.
Раиси шаҳр амалӣ намудани иқдоми мазкурро дар фароҳам овардани шароити аз ин ҳам беҳтари кору зиндагӣ барои сокинони пойтахт муҳим арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки сохтмони иншоот дар муҳлати муайяншуда, бо сифати баланд ва риояи тамоми талаботи меъморию шаҳрсозӣ ба анҷом расонида шавад.
Дар Душанбе ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои пайвастшавии хатҳои муҳандисӣ дар биноҳои навбунёди баландошёнаи кӯчаи Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансур мулоқоти корӣ доир гардид
Рустами Эмомалӣ ба масъулин инчунин ҷиҳати васеъ намудани роҳҳо, чароғонкунии кӯча, биноҳои баландошёнаи истиқоматию маъмурӣ ва сабзазоркунии атроф, инчунин ба инобат гирифтани инфрасохтори зарурӣ, аз қабили хатҳои обу корез, барқу гармидиҳӣ, низоми муосири партовпартоӣ, воситаҳои хизматрасонии дохили биноҳо супоришҳои мушаххас дода буданд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво