14 октябр 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баррасӣ шуд

356
Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ба сифати марҳилаи дуюми татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.

Дар ин хусус Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода ба аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» -ро ба тариқи рӯнамо муаррифӣ намуд. Инчунин доир ба ҳадафу афзалият, тадбирҳо, дурнамо, натиҷаҳои пешбинишуда, нақшаи амалҳо ва хусусияти фарқкунандаи он аз барномаи қаблӣ маълумот дода шуд.

Дар ҷаласа кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Парлумон, доираи васеи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ, ассотсиатсияҳо, олимону коршиносон иштирок намуда, доир ба барнома ва аҳамияти татбиқи он табодули назар намуданд.

Дар интиҳо аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баҳои баланд доданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво