29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бо мақсади пешгирии СOVID-19 шартҳои воридшавии мусофирон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пурзӯр гардонида шуданд

206
Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории СOVID-19 ва риоя намудани назорати санитарӣ вуруди мусофирон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пурзӯр гардид.

Тавре сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, шаҳрвандони ҳамаи давлатҳо имкони тариқи роҳи ҳавоӣ ба Тоҷикистон ворид шуданро доранд. Вале мусофироне, ки аз Истанбул ва Кобул меоянд, аз санҷиши махсус гузашта, бояд аз СOVID-19 тести иловагӣ супоранд ва то муайян шудани натиҷаи тест муддати 3 рӯз дар карантини хонагӣ нишинанд.

Ба зикри номбурда, барои ворид шудан ба Тоҷикистон мусофирон бояд маълумотнома дар бораи надоштани сироят ба СOVID-19 пешниҳод намоянд. Мусофироне, ки аз Россия, ИМА, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон меоянд, бо тести манфӣ аз коронавирус ба мамлакат роҳ дода мешаванд.

«Дар сурати зарурияти омадани шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади сафарҳои корӣ ба Тоҷикистон намояндагиҳои дипломатии он давлат ё ширкатҳо ба Ситоди ҷумҳуриявии Тоҷикистон барои гирифтани иҷозатнома муроҷиат мекунанд. Дар ин ҳолат шаҳрвандони зикршудаи хориҷӣ метавонанд бо истифода аз хатсайрҳои мавҷуда ва парвозҳои чартерии бо ситод мувофиқашуда ба Тоҷикистон ворид шаванд»,- гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво