18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба раванди муқовимат ба коррупсия тақвият бахшем

293
Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯҳбат дар самти муқовимат ба коррупсия доир гардида, пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2021 дар бораи пешгирӣ ва бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда баррасӣ карда шуд.
Дар ҷамъомад сарнозири Сарраёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Акбарзода Нурмаҳмад Холмурод, кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон ва кормандони корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита иштирок намуданд.
Муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода А.Р. ҷаласаро кушода, муҳтавои рӯзномаи ҷаласаро ба ҳозирин шинос кард. Дар баромади худ ӯ қайд намуд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо дар бораи муқовимат бо коррупсия санаи 22 апрели соли 2021 дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯҳбат дар самти муқовимат ба коррупсия доир гардида, пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2021 дар бораи пешгирӣ ва бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда баррасӣ карда мешавад.
Ба раванди муқовимат ба коррупсия тақвият бахшем

Қобили зикр аст, ки Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад ва оиди иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», «Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», Нақшаи кори Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риояи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсия), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2016, №465 тасдиқ шудааст, корҳои муайян ба анҷом расонида шудааст.
Дар ин раванд, барномаи идоравии зиддикоррупсионӣ барои солҳои 2016-2020 аз 19 январи соли 2016 ва нақшаи чорабиниҳо дар бораи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2019-2020 аз 16 январи соли 2019 қабул карда шуда дар асоси он, корҳо амалӣ шуда истодаанд.
Инчунин ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ бо фармоиши раиси Кумита Комиссия оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия таъсис дода шудааст.
Мутобиқи банди 60 нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 пешгирӣ ва роҳ надодан ба зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ, софдилона иҷро намудани вазифа ва уҳдадориҳои хизматӣ Кодекси касбии соҳавии хизматчиёни давлатии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2021, №76/ф ва Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатӣ дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2021, №37/ф таъсис дода шудааст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳамасола якҷо бо кормандони масъули Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти иҷрои “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва таҳлили хавфҳои коррупсия, пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ дар Кумита мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор мегирад.
Чи тавре, ки қайд гардид, дар ин чорабинӣ пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2021 дар бораи пешгирӣ ва бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда баррасӣ карда мешавад.
Ба раванди муқовимат ба коррупсия тақвият бахшем

Қобили зикр аст, ки ҳамкориҳои судманд бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол таҳким меёбанд ва Кумита баҳри татбиқи Сиёсати давлатии зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар ҷаласа сарнозири Сарраёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбарзода Нурмаҳмад Холмурод суханронӣ намуда, қайд кард, ки мақсади ҳар ҷомеа, ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти осудаву оромии халқу диёр, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Вале барои ба ин ҳадафҳо расидан монеаҳои зиёде пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кӯшишҳои дастаҷамъонаи тамоми мақомоти давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ лозим мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти мӯътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, беғаразӣ дар хизмати давлатӣ, пешгирӣ, ошкоркунӣ, кушодан ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро қабул намудааст ва ҳар як хизматчии давлатӣ дар раванди муқовимат ба коррупсия, ташаккули фазои оштинопазирӣ нисбат ба коррупсия ва роҳҳои пешгирии он бетараф набошад.
Мавриди зикр аст, ки инсоният имрӯз ба хатарҳои нави глобалӣ рӯ ба рӯ мебошад ва айни замон ба ин хатарҳо боз коррупсия зам шудааст. Коррупсия низ дар ҷомеа реша давонидааст, ки нисбат ба хатарҳои дигар камтар нест ва ба онҳо алоқамандии зич дорад. Коррупсия болоравии иқтисодиёт ва некӯаҳволии иҷтимоиро боз медорад, боварии шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад.
Бояд гуфт, ки коррупсия устувории ахлоқи ҷомеа ва бовариро ба давлат коста мегардонад ва ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ соҳаҳои асосии ҳаёти шаҳрвандонро фаро гирифта, ба шуурнокии ахлоқӣ ва ҳуқуқии онҳо таъсири манфии худро мерасонад. Бинобар ин, ҳадафи асосии баргузории ҷаласаи имрӯза тадбирҳои тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия, пешгирӣ ва омилҳои ба он мусоидаткунанда мебошад ва ҳар як хизматчии давлатӣ дар ин самт бояд бетараф набошад.
Ба раванди муқовимат ба коррупсия тақвият бахшем

Ҳамчунон дар баромад бо овардани мисолҳо оид ба ҷиноятҳои характери коррупсионидошта ва содиршавии онҳо, ки дар Кодекси ҷиноятӣ ва дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, ки дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, суханронӣ намуд.
Қайд карда шуд, ки раванд ва расмиёти баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки аз ҷониби кормандони Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ тартиб дода шудаанд омӯхта баромада шуданд. Омӯзиш собтит намуд, ки дар баъзе мавридҳо талаботи қонунгузорӣ дар бораи ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шахсони ба қонунвайронкуниҳо дар фаъолияти шаҳрсозӣ роҳдода ҳангоми тартиб додани протоколу маводҳои истеҳсолии маъмурӣ, банду басти кирдорҳои маъмурӣ тибқи моддаҳои дахлдори Кодекси маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар мерасанд, ки исботи ин гуфтаҳо маълумотнома ва пешниҳодҳои аз ҷониби мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда мавриди санҷиши ҳолати риояи қонунгузорӣ мебошад.
Акбарзода Н.Х. зикр намуд, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021 санҷиши ҳолати иҷрои талаботи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи муқовимат ба коррупсия“-ро дар фаъолияти вазорату идораҳо ба нақша гирифтааст. Дар давраи ду моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати риояи талаботи зикршуда аз рӯи маълумотҳои бадастомада мавриди санҷиш қарор дода шуда, зиёда за 35 ҳолати хизмати якҷояи хешовандон дар хизмати давлатӣ ва 12 ҳолати ба хизмати давлатӣ ҷалб шудани шахсони барои содир кардани ҷиноятҳо маҳкумшуда ошкор карда шуда бо санадҳои эътиноии Агентӣ бартараф карда шуданд.
Бевосита дар итоат, таҳти назорат ё ҳисобдиҳанда будани мансаби ишғолшаванда ё ишғолнамудаи ӯ ба мансабҳое, ки онро хешовандони ӯ ишғол намудаанд, шахс наметавонад дар ҳолати мазкур ба мансабҳои давлатӣ ё ба онҳо баробаркардашуда таъин ё интихоб карда шавад.
Ба раванди муқовимат ба коррупсия тақвият бахшем

Ба хешовандони наздик зан шавҳар, фарзандон, падару модар, бародарон, хоҳарон, инчунин падару модар, бародарон, хоҳарон ва фарзандони зан (шавҳар), қудоҳо, келинҳо, домодҳо, ҳамчунин дигар шахсоне, ки бо шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахси ба он баробар кардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд дохил мешаванд.
Бинобар ин, ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки вобаста ба пешгирӣ ва роҳ надодан ба чунин зуҳурот ҳангоми таъин ба мансабҳои давлатӣ ё ба онҳо баробар кардашуда чораҳо андешида, риояи ҳатмии талаботи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи муқовимат ба коррупсия“-ро таъмин намояд.
Дар ҷаласа байни кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи васеъи кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мубоҳисаи судманд баргузор гардид.
Муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода А.Р. ҷаласаро ҷамъбаст намуда, изҳори боварӣ намуд, ки кормандони соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон ҷиҳати ташаккули фазои оштинопазирӣ бо коррупсия ва тақвият бахшидан ба раванди муқовимат ба коррупсия, таъмини иҷроиши барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва нақшаи чорабиниҳои он, инчунин пешгирӣ ва роҳ надодан ба зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ, софдилона иҷро намудани вазифа ва уҳдадориҳои хизматӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида, саҳми худро барои паст кардани шиддат ва аз байн бурдани коррупсия дар ҷомеа мегузоранд.
Ш.Нурализода
аксҳо аз "РБ"




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво