29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Тоҷикистон дар масири таърих: истиқлол, дастовард ва дурнамо». Таҳти чунин унвон Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир мешавад

269
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 5-6 сентябри соли 2021 бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон дар масири таърих: истиқлол, дастовард ва дурнамо» Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор менамояд. Дар ин бора котиби масъули баргузории Симпозиуми байналмилалии илмӣ Субҳиддин Зиёев ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Мақсади баргузории симпозиум — ин баррасии илмӣ ва мавриди муҳокима қарор додани масъалаҳои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлол дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар, бо назардошти ҳамаи мушкилоту дастовард ва дурнамои рушди он мебошад.

Дар ҷаласаҳои бахшӣ (сексионӣ), ки бештар аз 10 ададро дар бар мегиранд, масъалаҳои “Нигоҳи нав ба таҳқиқи таърих ва тамаддуни халқи тоҷик”, “Ташаккул ва такмили заминаҳои ҳуқуқии таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва давлатдории миллӣ”, “Таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон ва таъмини ваҳдати миллӣ”, “Ташаккули лидери умумимиллӣ: нигоҳи таърихӣ ва фалсафӣ”, “Сиёсати иҷтимоии давлат: самаранокии татбиқи он дар шароити соҳибистиқлолӣ”, “Иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити соҳибистиқлолӣ: аз барқарорсозӣ ба сӯи рушди устувор” ва чандеи дигар мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Талаботи умумӣ ба мақолаҳои илмии пешниҳодшаванда барои ворид кардан ба маҷмӯаи Симпозиум чунин муқаррар карда шудааст: ҳаҷми мақола бояд то 10 саҳифаи компютернавис бошад. Иқтибосҳо дар охири матн оварда мешаванд. Ному насаби муаллиф дар кунҷи болоии тарафи рости саҳифа баъди номи мақола ҷойгир карда мешавад. Андозаи ҳошия аз чап 30 мм, рост — 10 мм, болоӣ — 20 мм, поёнӣ – 20 мм. Фосилаи байни сатрҳо 1. Кегл -14. Шрифт: Times New Roman (бо забонҳои русӣ ва англисӣ), Times New Roman Tj (бо забони тоҷикӣ). Протсессори матнӣ — Word.

Забонҳои кории симпозиум: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошанд. Муҳлати ниҳоии ирсоли мақолаҳо то 30 апрели соли 2021. Суроғаи электронӣ ҷиҳати қабули мақолаҳо: rakesh-23@mail.ru. Рақами телефонҳо барои тамос: (+992) 92-704-09-08, (+992) 919-81-02-12




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво