23 июн 2021, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе маҳаллаи замонавии «Баҳор» бунёд мегардад

69
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе маҳаллаи замонавии «Баҳор» бунёд мегардад, ки дар ҳудуди он биноҳои истиқоматӣ, муассисаи томактабӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ тибқи талаботи муосири меъморӣ сохта мешаванд. Дар ин бора аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

«Лоиҳаи ангоравии сохтмони маҳаллаи мазкур тибқи супориши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия гардида, он дар ҳамкорӣ бо Сарраесати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе аз ҷониби КВД «Лоиҳакаш» омода шудааст» ,- афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки Нақшаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017 тасдиқ гардид.

Айни замон тибқи қарори мазкур, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт нақшаи дурнамои вайронкунии биноҳои фарсуда, дар навбати аввал, биноҳои дода, онро давра ба давра то соли 2025 амалӣ намуда, сохтмони инфрасохтори шаҳр, маҷмааҳои шаҳрофар, иншооти варзишӣ, биноҳои намоишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва майдонҳоро мутобиқи Нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе ба роҳ мондааст.






Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво