28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

20 муассисаи олии таълимии Тоҷикистон мутахассиони соҳаи сайёҳӣ омода менамоянд

806
Айни замон дар 20 муассисаи олии таълимӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон мутахассисон аз рӯи беш аз 15 намуд ихтисоси сайёҳӣ ва хизматрасонӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки аз оғози имсол донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода дар Кумитаи рушди сайёҳӣ давраи таҷрибаомӯзӣ гузарониданд.

Ҳоло давраи таҷрибаомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ идома дорад.

Зимни вохӯрӣ бо гурӯҳи донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода гуфт, ки “бо мақсади омодасозии кадрҳои баландихтисос аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ шароити мусоид барои таҷрибаомӯзӣ ва фаро гирифтан дар курсҳои омӯзишӣ барои донишҷӯён фароҳам оварда шуда, онҳо ҷиҳати огоҳ будан аз вазъи соҳа ва маълумоти беҳтару бештар пайдо кардан ҷалб карда мешаванд”.

Дар заминаи татбиқи барномаҳои сайёҳӣ ҳамасола давраҳои омӯзишӣ бо иштироки роҳбарияти ширкатҳои сайёҳӣ ва донишҷӯёни бахши сайёҳӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд. Ҳамчунин муассисаҳои таълимӣ бо адабиёти муосири сайёҳӣ таъмин карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки саноати сайёҳии замони муосир яке аз соҳаҳои рушдёбанда ва сердаромади иқтисоди ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад. Дар ин замина омода намудани мутахассисони ихтисосманди соҳа ва васеъ намудани арзҳои меҳмоннавозӣ, саҳмгузорӣ дар беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо барои муаррифии иқтидорҳои сайёҳии кишварамон нақши муассир дорад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво