20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мақомоти шаҳри Душанбе эълон менамояд: шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони ватаниву хориҷӣ метавонанд «Боғи ҳайвонот»-ро ҳамчун моликияти хусусӣ бунёд намоянд

147
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони ватаниву хориҷӣ метавонанд бо пешниҳоди лоиҳаҳои дахлдор ва ё дар асоси лоиҳаи таҳиягардида «Боғи ҳайвонот»-ро ҳамчун моликияти хусусӣ бунёд намоянд. Иқдоми мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, хоҳишмандон барои гирифтани маълумоти муфассал метавонанд ба телефонҳои 221-94-38, 221-27-19 занг зананд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 декабри соли 2020 барои сохтмони «Боғи ҳайвонот» дар бурриши хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар масоҳати 13 (сенздаҳ) гектар қитъаи замин ҷудо карда шудааст.

Дар асоси қарор ва дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт лоиҳаи ангоравии боғи мазкурро аз рӯи технологияи муосир ва бо назардошти фикру мулоҳизаҳои мутахассисони аврупоӣ таҳия намудааст.

Мавзеи ҷудогардида барои ташкили ҳама гуна имконияти нигоҳдорӣ, аз ҷумла ҷойгиронии ҳайвонот, парандаҳо ва хазандаҳо мувофиқ буда, инчунин фароҳам овардани шароити озоди гашту гузори ҷонварон, ки талаботи замони муосир мебошад, ба назар гирифта шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво