29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе маҷмааи нави биноҳои истиқоматии баландошёнаи бунёд мегардад

176
Дар бурриши хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Умари Хаёми ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маҷмааи нави биноҳои истиқоматии баландошёна бо ҷойгиршавии муассисаи томактабӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ бунёд мегардад. Дар ин бора Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 7 апрели соли 2021 ба имзо расид.

Тавре аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, лоиҳаи ангоравии сохтмони маҷмааи мазкур дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки Нақшаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017 тасдиқ гардид.

Айни замон тибқи қарори мазкур Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахт нақшаи дурнамои вайронкунии биноҳои фарсуда, дар навбати аввал, биноҳои камошёнаи дар ҳолати садамавӣ қарордоштаро тартиб дода, онро давра ба давра то соли 2025 амалӣ намуда, сохтмони инфрасохтори шаҳр, маҷмааҳои шаҳрофар, иншооти варзишӣ, биноҳои намоишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва майдонҳоро мутобиқи Нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе ба роҳ мондааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво