23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad»-и Малайзия тасмим дорад дар Тоҷикистон Донишгоҳи технологияи иттилоотӣ таъсис диҳад

199
Роҳбарияти ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad» ният дорад, ки бо иҷозати мақомоти Тоҷикистон ҳамчун макони омӯзиши таҷрибаи фаъолияти пешсафи ин ширкат ба шаҳрвандони тоҷик Донишгоҳи технологияи иттилоотӣ таъсис диҳад. Дар сурати пазируфта шудани ин пешниҳоди ширкат аз ҷониби Тоҷикистон маблағгузорӣ барои сохтмон ва фаъолияти минбаъдаи онро ширкат ба зиммаи худ гирифта, низоми таҳсил ва мудирияти донишгоҳ мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи қонунгузории Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Ин нуктаро 14 апрел ҷонишини Президенти ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad»-и Малайзия Муҳаммад Акил зимни мулоқот бо Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода баён дошт.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои ташкили квотаҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар донишгоҳҳои Малайзия аз ҷониби ин ширкат ва ба ин васила, саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи маориф, илм ва иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Зимни суҳбат зикр гардид, ки миёни ҳукуматҳои Малайзияю Тоҷикистон Созишномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2014-2023 ва миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ду донишгоҳи кишвари Малайзия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст. Робитаҳои дӯстонаву дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Малайзия сабаб гардиданд, ки дар соҳаҳои гуногуни фаъолият миёни ҳарду давлат табодули таҷрибаи мутақобили судманд анҷом ёбад.

Муҳаммадюсуф Имомзода зикр кард, ки робитаҳо дар соҳаи маориф ва илм дар доираи созишномаҳои ҳамкории байниҳукуматӣ бояд тақвият ёбанд ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариш ёфтани ин робитаҳо чораҳои судманд роҳандозӣ менамояд.

Ҷонишини Президенти ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad»-и Малайзия Муҳаммад Акил иброз дошт, ки қаблан бо вазирони иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон вохӯрӣ дошт ва аз натиҷаи ин вохӯриҳо қаноатманд аст. Ӯ бо умедворӣ афзуд, ки мулоқот бо Вазири маориф ва илм низ барои ҳарду тараф аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Мавсуф зикр кард, ки ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad»-и Малайзия яке аз ширкатҳои бонуфузи ин давлат ба ҳисоб рафта, ҳоло дар 25 кишвари ҷаҳон фаъолияти худро дар самтҳои технологияи иттилоотӣ, неругоҳҳои барқӣ, иқтисоди рақамӣ, сохтмон ва ғайра ба роҳ мондааст. Ҳамзамон он таҷрибаи таъсиси донишгоҳҳо дар дигар кишварҳои хориҷиро дошта, дар ин самт низ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво