29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сардори Хадамоти муҳоҷират бо директори генералии Департаменти буҷети давлатии «Маркази муҳоҷират»-и шаҳри Москва Сергей Балдин мулоқот кард

155
15 апрел сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода бо директори генералии Департаменти буҷети давлатии «Маркази муҳоҷират»- и шаҳри Москва Сергей Балдин мулоқот кард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи ифтитоҳи маркази муҳоҷиратро дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҷонибҳо доир ба тақвият додани ҳамкорӣ миёни Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти сиёсати иқтисодии шаҳри Москва ва маркази муҳоҷират роҷеъ ба масоили муҳиму рӯзмараи соҳа ибрози назар карданд.

Директори генералии Департаменти буҷети давлатии «Маркази муҳоҷират»- и шаҳри Москва Сергей Балдин мухтассар дар бораи фаъолияти маркази муҳоҷират маълумот дод.

Номбурда, аз ҷумла, зикр кард, ки ба вазифаҳои намояндагии «Маркази муҳоҷират»-и шаҳри Москва инҳо дохил мешаванд: дар Тоҷикистон паҳн кардани маълумот дар бораи ҷойҳои кории холӣ дар Москва ва огоҳ кардани корфармоёни Москва дар бораи мавҷудияти мутахассисони дорои тахассуси зарурӣ, ташкили мусоҳибаҳои онлайн ва баҳодиҳии малакаҳои касбии муҳоҷирони меҳнатӣ, тафтиши имкони вуруд ба қаламрави Федератсияи Россия ва амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ, машварат додани муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба масъалаҳои шуғл, тартиби додани иҷозатнома барои кор, қоидаҳои будубош дар Москва, аз ҷумла бо назардошти маҳдудиятҳои марбут ба пандемия, назорати вуруди муҳоҷирон ба Россия, аз ҷумла мавҷудияти ҳуҷҷати тиббӣ оид ба тасдиқи натиҷаи санҷиши COVID-19.

Тоҳир Каримзода ва Сергей Балдин омодагии тарафайнро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ иброз намуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво