21 июн 2021, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Раиси вилояти Хатлон ва Сафири Франсия дар Тоҷикистон роҳандозии ҳамкории доираҳои тиҷоратиро баррасӣ намуданд

65
15 апрел Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо Сафири Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран ва ҳайати ҳамроҳонаш мулоқот намуд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба имконияти рушди ҳамкорӣ дар бахши омодасозии омӯзгорони баландихтисоси забони франсавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ифтитоҳи маркази фарҳангии забономӯзӣ, бунёди корхонаҳои хурди коркарди меваю сабзавот ва содироти он ба Франсия, ташкили намоишгоҳҳои рассомӣ, фестивалҳо, сафарҳои ҳунарӣ, чорабиниҳои сайёҳӣ, варзишӣ, рӯзҳои фарҳангӣ, роҳандозии ҳамкории доираҳои тиҷоратии минтақаҳои ду кишвар ва дигар самтҳо табодули назар карданд.

Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба масъалаи рушди соҳаи иқтисодиёт диққати аввалиндараҷа дода, ҷиҳати беҳсозии фазои сармоягузории ватанию хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Вилояти Хатлон бо 34 кишвари наздику дур ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба роҳ монда, гардиши савдои хориҷии вилоят соли 2020 беш аз 308 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.

Соли равон дар ҳудуди вилоят 35 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 478 миллион доллар амалӣ мегарданд».

Ҳамчунин ҷонибҳо ба масъалаи рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Зикр гардид, ки шумораи корхонаҳои саноатии вилоят ба беш аз 620 адад расида, танҳо соли гузашта дар вилоят ба маблағи умумии 8,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст.

Соли 2020 ва семоҳаи якуми соли 2021 аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ 98 корхонаи хурду миёна бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Инчунин 90 дарсади неруи барқи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда ба вилояти Хатлон рост меояд.

Дар мулоқот зикр шуд, ки вилояти Хатлон калонтарин минтақаи аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, рушди мамлакат ба ин соҳа вобастагӣ дорад.

Бинобар ин, дар вилоят ба масъалаи ислоҳоти хоҷагии деҳот ва таҷдиди хоҷагиҳои бузург аҳамият дода мешавад. Имрӯз саҳмдорони беш аз 68 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонии амалкунанда озодона ба интихоби кишти маҳсулот, парвариш, коркард ва фурӯши он машғуланд.

Бунёди минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» дар ноҳияи Данғара, «Панҷ» дар ноҳияи Ҷайҳун ва «Кӯлоб» дар шаҳри Кӯлоб барои ташкили корхонаҳои муштарак ва ҳамкорӣ бо доираҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷӣ имконияти васеъ фароҳам овардааст.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва Сафири Франсия дар Тоҷикистон Мишел Тарран изҳори итминон намуданд, ки барои вусъати ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ миёни минтақаҳои ду кишвар шароит фароҳам мебошад.

Дар вилояти Хатлон 19 ширкати туристӣ фаъолият мекунанд, ки омодаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии Франсия буда, метавонанд гардишгарони Франсияро ба саёҳати навъҳои кӯҳнавардӣ, экологӣ, шикорӣ, табобатӣ, солимгардонӣ, таърихӣ-фарҳангӣ ҷалб намоянд.

Сафири Франсия Мишел Тарран аз пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки якчанд маротиба аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Хатлон дидан кардаву таассуроти нек бардоштааст.






Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво