23 июн 2021, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Барои ҳавасмандгардонии ғолибони озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе чорсаду ҳаштоду чор ҳазору ҳаштсад сомонӣ ҷудо гардид

105
Барои ҳавасмандгардонии ғолибони озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе чорсаду ҳаштоду чор ҳазору ҳаштсад сомонӣ ҷудо гардид
170 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии пойтахт, ки дар соли таҳсили 2020-2021 ғолибони озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе гардиданд, ҳавасманд гардонида мешаванд. Бо ин мақсад бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳр 484 800 (чорсаду ҳаштоду чор ҳазору ҳаштсад) сомонӣ ҷудо гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳр масъулин вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати дар фазои тантанавӣ бо шаҳодатнома ва маблағҳои стипендияи Раиси шаҳри Душанбе сарфароз гардонидани ғолибон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ёдовар мешавад, ки аз 25 январ то 14 феврали соли равон дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия» -и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе озмун баргузор гардид. Барои иштирок дар озмуни мазкур 3 ҳазору 441 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе, ки ба унвони Комиссияи шаҳрии озмун ҳуҷҷат супорида буданд, иштирок намуда, аз рӯи низоми тестӣ санҷиш супориданд.

Мавриди ёдоварист, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳар сол барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд. Ин иқдом бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегардад.






Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво