20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Далер Ризозода барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё гардид

177
Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ Далер Ризозода барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

13 апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Чемпионати Осиё оид ба гӯштин оғоз шуд, ки варзишгари тоҷик Далер Ризозода дар он ҷои дуюмро сазовор шуд.

Ӯ дар вазни 77кг қувваозмоиро аз даври чорякфинал оғоз карда, бар Муҳаммадбердӣ Мамедови туркманистонӣ, дар нимфинал бар намояндаи Қазоқистон Дамеу Жадраев пирӯз шуд ва ба финал роҳ ёфт. Вале бо сабаби лат бардоштан натавонист дар финал қувва санҷад.

Ду варзишгари дигари тоҷик – Асламҷон Азизов дар вазни 55кг ва Тоҳирҷон Охунов дар вазни 87кг ҷои панҷумро гирифтанд.

Имрӯз, 14 апрел қувваозмоиҳои гӯштини юнонӣ-римӣ дар панҷ вазни дигар идома меёбанд, ки дар онҳо варзишгарони мо низ иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Далер Ризозода соли 2019 медали нуқраи Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола ва медали биринҷии Чемпионати Осиё миёни ҷавононро соҳиб гардидааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво