29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Китобҳои рӯзноманигор Шариф Ҳамдампур «Чунин гуфт оне, ки буду оне, ки ҳаст» ва «Тоҷикон дар суҳбати Сталин ва Ғафуров» рӯнамоӣ гардиданд

230
Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии китобҳои рӯзноманигор, публисист ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Шарифи Ҳамдампур таҳти унвони «Чунин гуфт оне, ки буду оне, ки ҳаст» ва «Тоҷикон дар суҳбати Сталин ва Ғафуров» баргузор гардид. Дар маросим рӯзноманигорон, адибон, олимон, ходимони давлативу сиёсӣ ва донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ иштирок намуданд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ин чорабинӣ доир ба фаъолияти муаллиф ва муҳтавои китобҳои ӯ андешаҳо иброз гардиданд.

Китоби «Чунин гуфт оне, ки буду оне, ки ҳаст» фарогири мусоҳибаҳо бо чеҳраҳои намоёни сиёсӣ, иқтисодӣ, илму адаб, фарҳанги дохил ва хориҷ мебошад.

Ин китоб ҷилди аввали мунтахаби осори Шарифи Ҳамдампур мебошад, ки ба хонанда имкон медиҳад оид ба вазъи даврони зиндагии ҳамсуҳбатон, нигоҳ ва нақши онон дар шакл гирифтани афкори ҷомеа, сиёсат, иқтисод, адабиёту фарҳанг маълумот пайдо кунад.

Ҷилди дуввуми китоб фарогири мақола, очерк, гузоришҳо буда, ҷилди сеюм сафарномаҳоро дар бар мегирад, ки моҳҳои наздик ба дасти хонандагон хоҳанд расид.

Китоби «Тоҷикон дар суҳбати Сталин ва Ғафуров» лаҳзаҳоеро аз рӯзгори Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ҳикоя мекунад. Шариф Ҳамдампур онҳоро аз хотироти ҳамкорон, ҳамнишинон, ҳамсафарон, наздикони Бобоҷон Ғафуров ва бойгониҳо ҷамъ овардааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво