29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи вилоятии Бадахшон пас аз таъмири асосӣ ба фаъолият оғоз намуд

227
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи вилоятӣ пас аз таъмири асосӣ ва таъмин бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ба қабул ва табобати беморон оғоз намуд. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед аз шуъбаи мазкур боздид намуданд.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, барои таъмири утоқҳои ҷарроҳӣ, ҳуҷраҳои беморон ва дастрас кардани таҷҳизоти нави тиббӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ 756 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд.

Шӯъбаи эҳё ва беҳискунии беморхонаи мазкур низ нав аз таъмир бароварда шуда, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардид. Таъмиру тармими шуъбаи мазкур бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят анҷом дода шуд. Барои таъмири утоқу ҳуҷраҳои ин шуъба зиёда аз 350 ҳазор сомонӣ сарф гардид.

Ҳамчунин дар ҳавлии беморхонаи вилоятӣ хаймаҳои махсус бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ва пурарзиш барои пешгирӣ ва табобати бемории Ковид 19 васл шудаанд. Ин хаймаҳо бо дастгоҳҳои тавлиди оксиген ва нафасдиҳии сунъӣ, компютери томографию магнитӣ пурра таъмин гардидаанд.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Шодихон Ҷамшед пас аз санҷиши сифати корҳои сохтмониву таъмирӣ ҳамзамон дар аттестатсияи тахассусии кормандони соҳаи тибби вилоят ширкат намуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво