29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ИМРӮЗ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Дар 16 муассисаи таълимии Душанбе иммунизатсияи кормандони соҳаи маориф ва илм оғоз гардид

166
Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ имрӯз дар 16 муассисаи таълимии 4 ноҳияи шаҳри Душанбе миёни кормандони муаасисаҳои соҳаи маориф ва илм иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 оғоз гардид.

Тавре директори генералии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» — Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Саидзода зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, бо мақсади таъмин намудани амнияти санитариву эпидемиологии аҳолии мамлакат, пешгирии паҳншавии сирояти нави коронавирус дар саросари ҷумҳурӣ 22 марти соли 2021 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид.

Дар асоси он шурӯъ аз 23 марти соли равон иммунизатсия зидди сирояти нави коронавирус байни кормандони тиббии шаҳри Душанбе оғоз гардида, имрӯз низ идома дорад.

«Бо мақсади пешгирии сирояти нави коронавирус дар саросари ҷаҳон истеҳсолкунандагони ваксинаҳо 267 намуди ваксинаро бар зидди сирояти коронавируси намуди COVID-19 дар марҳилаҳои гуногун қарор дода, 83-тои он дар марҳилаҳои таҳқиқотӣ- клиникӣ ва 184-тои он дар марҳилаҳои таҳқиқотӣ то клиникӣ қарор доранд. Имрӯзҳо дар 153 давлати ҷаҳон иммунизатсия бар зидди сирояти COVID-19 бо истифода аз ваксинаҳои Pfizer (ИМА), Moderna (ИМА), AstraZeneca (Бритонияи Кабир, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳиндустон), Синовак, Синофарм (Чин), Спутник V (Федератсияи Россия), Ҷонсон ва Ҷонсон (ИМА) идома дорад»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Бино ба гуфтаи Файзалӣ Саидзода, бо ташаббуси ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат ва дастгирии шарикон оид ба рушд дар чаҳорчӯбаи Механизми ҷаҳонии дастгирии одилона ба ваксинаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (COVAX) бар зидди бемории COVID-19 ваксинаи ширкати Бритониягии Оксфорд «AstraZeneca», ки тибқи иҷозатнома он дар «Пажӯҳишгоҳи зардобаҳои Ҳиндустон» истеҳсол шудааст, ба Тоҷикистон ҷудо гардид. Ин ваксина 15 феврали соли равон дар рӯйхати маводи иммунобиологии дар ҳолатҳои фавқулода истифодабарандаи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ба қайд гирифта шудааст. То имрӯз ваксинаи «AstraZeneca»- ро дар 90 давлати ҷаҳон байни аҳолии синни гуногун, ки зиёда аз 50 миллион нафарро ташкил медиҳанд, истифода бурдаанд.

-Ҳоло 15 ҳазору 178 нафар кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе ба иммунизатсия фаро гирифта шудаанд. Аз 31 марти соли равон иммунизатсия байни кормандони Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад. Хушбахтона, то ҳоло ягон оризаи ҷиддӣ аз ин ваксина ба қайд гирифта нашудааст,- афзуд мавсуф.

Ҳоло дар назар аст, ки дар ин давра кормандони соҳаи стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синни аз 60 боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм низ ба иммунизатсияи зидди коронавирус фаро гирифта шаванд. Дар ояндаи наздик иммунизатсия дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марҳила ба марҳила байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ идома меёбад.

«Баъд аз гузаронидани иммунизатсия бар зидди COVID-19 дар баъзе мавридҳо ҳолатҳои баландшавии ҳарорати бадан, дарди сар, дилбеҳузурӣ, дарди мушакҳо, сустии умумии бадан, дардмандӣ ва сурхшавӣ дар ҷои тазриқ ба амал меоянд. Инҳо ҳолатҳои муқаррарӣ ба ҳисоб рафта, барои иммунизатсия бо дигар ваксинаҳо низ хос мебошанд. Аз ин рӯ аҳолӣ набояд аз ин ҳолатҳо дар ҳарос бошанд.

Иммунизатсия роҳи бехатар ва таъсирбахши пешгирии бемориҳо мебошад. Имрӯз ваксинаҳое дастрас мебошанд, ки аҳолиро аз 11 намуди бемориҳои сироятӣ, ба монанди гулӯзиндонак, кузоз, фалаҷ, сурхча, гулафшон, баногӯшак, сирояти ротавирусӣ, гепатити В, сил, кабудсулфа ва сирояти гемофилии шакли b муҳофизат мекунанд. Дар умум ваксинаҳо ҳамасола ҳаёти 3 миллион одамонро наҷот медиҳанд. Ваксинаҳо тавассути мутобиқат ва омода сохтани организми инсон ба муҳофизати табиӣ ва низоми масуният кор мекунад, вирусҳо ва бактерияҳои мавриди ҳадафро ташхис менамояд ва муқобили онҳо мубориза мебарад. Баъди иммунизатсия дар сурати ба организм ворид шудани микробҳои касалиовар, бадани инсон дарҳол барои аз байн бурдани онҳо мубориза бурда, барои пешгирии беморӣ кумак мекунанд»-, баён дошт Ф. Саидзода.

Вобаста ба суоли он ки то чӣ андоза ваксинаҳо метавонанд бехатар бошанд, ҳамсуҳбат зикр намуд, ки сараввал ваксинаҳо аз озмоиш ва равандҳои назоратӣ мегузаранд. Ваксинаи зидди COVID-19 роҳи бехатар барои муҳофизат шудани аҳолӣ аз сирояти коронавирус мебошад.

Зеро қабл аз додани иҷозатнома ваксинаҳо аз озмоиши ҳаматарафа ва баррасӣ барои бехатарӣ, озмоиши иммуногенӣ ва самаранокӣ дар ҳайвонот ва се марҳилаи озмоишӣ дар одамон мегузаранд. Ҳатто баъд аз тасдиқи истифодаи ваксина назорати масъалаҳои бехатарӣ дар ҳама давра идома меёбад. Аз ин рӯ набояд аз ваксинатсия ҳаросид.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 7 апрел бо ташаббуси Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ таҷлил карда мешавад. Мақсад аз таҷлили ин рӯз тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, бардам нигоҳ доштани худ ва аҳли ҷомеа мебошад.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво