25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе Форуми аграрии «ТоҷБелАгро» доир гардид

170
6 апрел дар шаҳри Душанбе дар доираи ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ Форуми аграрии «ТоҷБелАгро» баргузор гардид.

Дар ин бора аз шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода форумро ифтитоҳ намуда, доир ба иқтидори соҳаи кишоварзӣ ва самтҳои афзалиятноки он сухан гуфт.

Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Иван Крупко доир ба ҳамкорӣ, дурнамои ҳавасмандии ҷонибҳо дар соҳаи аграрӣ ва иқтидори соҳаи кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус изҳори назар кард.

Ҳамчунин дар Форуми аграрии «ТоҷБелАгро», ки дар доираи ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид, меҳмонон- ҳайати комиссияи Беларус, соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус, ки дар самти кишоварзӣ фаъолият мебаранд, иштирок намуданд.

Дар ҷараёни Форум ба ҳозирин оид ба иқтидори соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки он намоиши видеоӣ манзур гардид.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво