18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Идомаи сохтмони манзилҳои зарардида дар Рашт

957
Идомаи  сохтмони манзилҳои зарардида дар Рашт

Имрӯзҳо сохтмони 44 хонаи бар асари заминларза пурра ва қисман хароб гаштаи деҳаҳои Ҳазорчашма ва атрофи он дар ноҳияи Рашт босуръат идома дорад.
Заминларзае, ки рӯзи якуми июли соли равон дар ноҳияи Рашт рух дод, ба 44 хонаи истиқоматӣ ва ду таълимгоҳи ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ҳиҷбораку Аскалон зарари ҷиддӣ расонд, ки бо дастури Пешвои миллат субҳи ҳамон рӯз ҳайати комиссияи ҳукуматӣ бо роҳбарии муовини сарвазири ҷумҳурӣ Маҳмадтоир Зокирзода ба деҳаҳои зарардида омада, ҳисороти расидаро таҳлилу дақиқ карда, мардумро умедвор намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон онҳоро танҳо намегузорад.
Баъди даҳ рӯзи рух додани ҳодиса мардуми зарардида бо масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла тахтаю тунука ва семент таъмин гардиданд. Бо дастгирии Ҳукумати ноҳияи Рашт барои зарардидагон қуму рег дастрас карда шуд. Алҳол сохтмони хонаҳои нави истиқоматӣ ва таълимгоҳҳои деҳаҳои Ҳазорчашма ва Моҳи хоса бо маром идома дорад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво