18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳайати Беларус аз Маркази техникаи беларусии «Агротехсервис» ва боғҳои гелоси шаҳри Ҳисор боздид намуд

161
Ҳайати Ҷумҳурии Беларус таҳти роҳбарии Вазири кишоварзӣ ва озуқавории ин кишвар Ботко Иван Иванович, муовини Вазири саноати Ҷумҳурии Беларус ва иштирокчиёни форуми соҳибкории Тоҷикистону Беларус ва Афғонистон ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда, бо фаъолияти Маркази техникаи беларусии «Агротехсервис» шинос гардиданд.
Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Маркази техникаи беларусии «Агротехсервис» дар шарикӣ бо заводи тракторбарории Беларус — МТЗ дар шаҳри Ҳисор бунёд гардида, трактор ва таҷҳизоту механизмҳои кишоварзӣ истеҳсол менамояд.
Роҳбари Маркази техникаи беларусии «Агротехсервис» меҳмононро бо дастгоҳу таҷҳизоти коргоҳҳои корхона шинос намуда, аз муваффақият ва фаъолияти мутахассисоне, ки дар кишвари Беларус таҷриба омӯхтаанд, изҳори қаноатмандӣ кард. Инчунин бо итминон изҳор дошт, ки дар доираи ҳамкории минбаъдаи судманд истеҳсоли техника ва мошинолоти кишоварзии истеҳсоли худиро афзун менамоянд. Ин иқдом дар баробари он ки ба рушди соҳаи саноат заминаи устувор мегузорад, кори кишоварзонро осон намуда, самаранокии соҳаи кишоварзиро дар ҷумҳурӣ ва кишварҳои ҳамҷавор таъмин менамояд.
Маркази техникаи беларусии «Агротехсервис» дар шаҳри Ҳисор 16 майи соли 2018 бо иштироки Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Беларус ба фаъолият оғоз намуда буд. Давоми бештар аз ду соли фаъолият корхона ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, ҳаҷми истеҳсолро афзун намуд. Маҳсулоти истеҳсолгардида-тракторҳо ва дигар техникаи соҳаи кишоварзӣ ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба Афғонистон содирот мегарданд.
Дар идомаи сафар меҳмонон аз боғҳои шаҳри Ҳисор, хусусан боғҳои гелос боздид намуда, бо кори боғдорон, усулу самаранокии парвариши навъҳои гуногуни гелос дар шароити Тоҷикистон шинос гардиданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво