24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Тоҷикистон иҷрои нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба 45 фоиз баробар шуд

234
Тавре қаблан хабар дода будем, аз 1 апрели соли равон даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат муташаккилона оғоз ёфта, иҷрои даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ то имрӯз дар маҷмӯъ ба 45 фоиз баробар гаштааст. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи мамлакат, полковник Фаридун Маҳмадализода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

-Миёни дигар минтақаҳо дар баробари ВМКБ шаҳри Душанбе пешсаф мебошад. Дар 4 ноҳияи пойтахт иҷрои маъракаи даъват ба 64 фоиз баробар аст. Мавриди зикр аст, ки дар маҷмӯъ, 13 шаҳру ноҳия аз иҷрои пурраи маъракаи хизмат хабар додаанд,-афзуд Фаридун Маҳмадализода.

Мавсуф зикр кард, ки дар рӯзи нахустини ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд.

Ба ҳамин тартиб иҷрои нақшаи даъват дар вилояти Суғд 35 фоизро ташкил дода, ноҳияи Шаҳристони ҳамин минтақа аз иҷрои нақшаи пурраи даъват гузориш дод.

Ҳамзамон дар вилояти Хатлон чорабиниҳои даъватӣ муташаккилона идома дошта, иҷрои нақша дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят ба 35 фоиз баробар аст. Аз байни дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аввалин шуда, ноҳияи Носири Хусрав ва баъдан Шамсиддини Шоҳин маъракаи даъватро пурра ианҷом доданд.

Ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ -даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ бо мааром идома дошта, иҷрои нақша дар ин минтақа 59 фоизро ташкил медиҳад. То ин муддат ноҳияҳои Сангвор ва шаҳрҳои Ваҳдату Шаҳринав аз иҷрои пурраи даъват гузориш доданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад



Матолиби ҳамсон

Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво