24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон, Беларус ва Афғонистон ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ тавсеа мебахшанд

231
Ҷумҳурии Беларус яке аз шарикони асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли 2020 гардиши мол байни ду кишвар 54,4 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли 2019-ум 25,9 миллион доллар ё 1,9 маротиба афзоиш ёфтааст. Чунин зикр шуд дар ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон, Беларус ва Афғонистон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи ҷаласаи 14 Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус доир гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш беш аз 200 нафар иштирокчӣ- роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаю ташкилоти давлатӣ, соҳибкорону доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон, Беларус ва Афғонистон иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати дурандешонаи роҳбарони се кишвар — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ва Президенти Ҷумҳурии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ муносибатҳои давлатҳо ба сатҳи сифатан нав баромада, ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Беларус ва Афғонистон беш аз пеш густариш меёбанд.

Робитаҳои дӯстона ва шарикии Тоҷикистон, Беларус ва Афғонистон таърихи тӯлонӣ дошта, феълан дар аксар масъалаҳо шабеҳияти мавқеъ дида мешавад, ки ба густариш ва рушди ҳамкории байни доираҳои тиҷоратии кишварҳо заминаи мусоид мегузорад.

Дар ҳамоиш ҳамчунин Раиси Палатаи савдо ва саноати Беларус Владимир Улахович, Вазири кишоварзии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Беларус Иван Крупко, аъзои Раёсати Палатаи савдо ва сармояи Афғонистон Хон Ҷон Алкозай ва дигар намояндагони доираҳои соҳибкорию тиҷоратии се кишвар доир ба тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистон, Беларус ва Афғонистон ибрози назар намуданд.

Зикр шуд, ки ҳоло байни се давлат имконияти истифоданашуда дар самти тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ хеле зиёд аст. Бахусус ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол байни кишварҳо ба тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратии кишварҳо мусоидат менамояд. Мусаллам аст, ки дар доираи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Беларус дар шаҳри Ҳисор корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли трактор ба роҳ монда шудааст, ки тракторҳои истеҳсолгардида ба Афғонистон содирот мегарданд. Инчунин дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон 4 маркази тиҷорати наздисарҳадӣ ва шаш пул бунёд гардидаанд. Ҳамзамон Тоҷикистон дар ноҳияҳои наздимарзӣ бо Афғонистон 4 минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис додааст, ки ба таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ҳамлу нақли молу маҳсулот ва руши тиҷорат мусоидат менамоянд.

Дар ҷараёни ҳамоиш имконияти иқтисодию тиҷоратии ҳар се кишвар дар соҳаҳои гуногун муаррифӣ гардида, доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистон, Беларус ва Афғонистон доир ба фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, имконияти сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат ва кишоварзӣ, хӯрокворӣ, фармасевтӣ ва дигар бахшҳо маълумот дарёфт намуданд. Инчунин дар ҳамоиш вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони се давлат дар сиғаи В2В -«соҳибкор бо соҳибкор» баргузор гардид, ки аз натиҷаи он санадҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истеҳсоли мошинолоти кишоварзӣ, агросаноатӣ ва фармасевтӣ ба имзо расонида шуданд. Маблағи умумии санадҳои ба имзорасида 11,3 миллион доллари амрикоиро ташкил менамояд.

Дар доираи Форуми соҳибкории Тоҷикистон, Беларус ва Афғонистон намоиши молу маҳсулоти истеҳсоли Беларус таҳти унвони «Made in Belarus» ташкил карда шуд, ки дар он беш аз 40 корхонаю ширкатҳои тавлидотии Беларус молу маҳсулоти худро, ки аз маҳсулоти ғизоӣ, нӯшокиҳо, таркибҳои ғизоӣ, растанипарварӣ ва чорводорӣ, мошинсозии кишоварзӣ, сайёҳӣ ва фармасевтӣ иборат буд, ба намоиш гузоштанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво