29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Ҷамоати деҳоти «Саричашма»-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин маркази саломатӣ бунёд гардид

356
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Неъматободи Ҷамоати деҳоти «Саричашма»-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Изатулло Неъматов бинои маркази саломатӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Иншооти мазкур аз 5 ҳуҷраи табобатӣ, дорухона ва иншооти ёрирасон иборат мебошад. Роҳбарияти ноҳия ба соҳибкор ва дигар шахсони саховатпеша барои ин амал изҳори миннатдорӣ намуда, иншоотро туҳфаи арзанда ба ҷашни миллӣ номиданд.

Соҳибкорони ноҳия инчунин ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ нуқтаи оби нӯшокиро таъмир ва сокинонро бо оби ошомиданӣ таъмин намуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво