26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мавсума Муинӣ дар мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аз саҳми ҷавонон дар бунёди ҷомеаи навин сухан гуфт

246
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо гурӯҳҳои таблиғотӣ вохӯрӣ доир гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ доир ба саҳми ҷавонон дар бунёди ҷомеаи навин, ҳифзи солимии инсон, пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, тарғиби арзишҳои миллию маънавӣ, одобу ахлоқи ҳамида, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва масъалаҳои рӯзмарраи ҷомеа изҳори андеша намуд.

Мудири шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Олимов зикр намуд, ки «фаъолияти пурмуҳтавову пурмаҳсули давлативу ҷамъиятии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оинаест, ки дар он мавқеи миллати тоҷикро бо ҳама шаҳомат ва шуҳраташ инъикос намуда, ба ин восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо диди ибрат дурнамои кишварро муайян карда метавонем».

Дар мулоқот аз бобати тарғиби ҳадафҳои арзишҳои миллию маънавӣ, одобу ахлоқи ҳамида, аҳамияти озмунҳои ҷумҳуриявӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ, ҳифзи солимии инсон, тарбияи ватандӯстӣ, иштироки ҳамагон дар корҳои созандагӣ, бунёдкорӣ, сабзазоркунию хуррамгардонӣ, маҳкум намудани зуҳуроти номатлуби бегонапарварӣ, ба гурӯҳҳои ифротӣ нагаравидани наврасону ҷавонон омодагиҳо ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои муфид баён гардиданд.

Сипас ба як гурӯҳ донишҷӯён ва устодони донишгоҳи мазкур, ки дар чорабиниҳои пойтахт иштироки фаъол доштанд, ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим гардид.

Имрӯзҳо вохӯриву суҳбатҳои гурӯҳҳои тарғиботӣ — идеологии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ташкилоту муассисаҳо ва шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт пайваста идома доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво