Дар Бӯстон бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист ба истифода дода мешавад
344
Дар доираи корҳои созандагӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикӣ дар шаҳри Бӯстон бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр ба истифода дода мешавад. Бинои мазкур аз се ошёна, 5 ҳуҷраи корӣ, китобхона, толори маҷлисгоҳ ва меҳмонхона иборат мебошад.
Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Дар ҷараёни сафари корӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд А.Ҳакимзода аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бӯстон бозид намуданд. Айни ҳол дар атрофи бино корҳои ободонӣ ва васлу насби таҷҳизот идома доранд. Баҳодур Шерализода ба масъулон ва сохтмончиён барои босифат анҷом додани корҳои боқимондаи сохтмонии бинои мазкур дастуру супоришҳо дод.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |