19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Шурӯъ аз имрӯз парвозҳои мунтазами ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Россия оғоз меёбанд

189
Шурӯъ аз 1 апрел Россия парвозҳои мунтазами ҳавоиро бо шаш кишвари ҷаҳон-Тоҷикистон, Германия, Венесуэла, Сурия, Ӯзбекистон ва Шри-Ланка оғоз намуда, инчунин парвозҳои мунтазами ҳавоиро бо Куба, Беларус, Арманистон, Озарбойҷон, Миср ва Аморати Муттаҳидаи Араб афзоиш медиҳад. Парвозҳои мунтазами ҳавоӣ аз 13 фурудгоҳи Россия сурат мегиранд, хабар медиҳад ТАСС.

Дар самти Москва –Душанбе –Москва ширкати ҳавопаймоии Россия «UTair» 2 апрел ва дар масири Душанбе –Москва –Душанбе ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Somon Air» 6 апрел парвоз анҷом медиҳанд, гуфта буд қаблан дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода.

И. Субҳонзода афзуд, ки ба роҳ мондани парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо дар масири Душанбе –Москва-Душанбе, ки дар як ҳафта якпарвозӣ анҷом дода мешавад, оғози парвозҳои мунтазами ҳавоӣ буда, бо беҳтар гардидани вазъи эпидемикӣ барои афзоиш додани парвозҳои мунтазам бо дар назардошти қабули қарори марбута аз ҳар ду ҷониб тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Бо иқдомҳои наҷибонаи пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи эпидемиологӣ вобаста ба бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон муътадил гардидааст. Ин барои барқарор намудани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ, ки бар асари хуруҷи бемории сироятии COVID-19 муваққатан қатъ гардида буданд, шароити мусоид фароҳам меорад.

Дар ҷаласаи корӣ, ки чанде пеш дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ доир гардида буд, аз ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ дархост карда шуд, ки ба болоравии беасоси нархи чиптаи ҳавопаймоӣ роҳ надиҳанд ва нархи чиптаро дар доираи арзиши аслӣ танзим намоянд. Дар шароити имрӯза мо бояд шароити шаҳрвандони кишварамонро ба инобат гирем. Ҳамзамон аз ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дархост шуд, ки хизматрасонӣ ба мусофиронро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, ҷиҳати бозхонд намудани кормандон аз рухсатии меҳнатии бемузд тадбирҳои зарурӣ андешад.

Тибқи талабот, мусофирони интиқолшаванда бояд маълумотнома бо натиҷаи ташхиси тестӣ бо нишондоди «манфӣ»-и бемории сироятии COVID-19 дошта бошанд ва муҳлати он набояд аз 72 соат зиёд бошад. Мусофироне, ки маълумотнома бо натиҷаи ташхиси тестӣ бо нишондоди «манфӣ»-и бемории сироятии COVID-19 надоранд, барои интиқол роҳ дода намешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво