26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Ҷамоати деҳоти Ворух беш аз 40 иншооти иҷтимоӣ бунёду навсозӣ мегарданд

256
Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара бунёду навсозии беш аз 40 иншооти муҳими иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, бо маблағгузории Хукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва саҳми соҳибкорону саховатмандон то имрӯз зиёда аз 30 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар қаламрави вилоят то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду навсозӣ ва таъмиру тармими беш аз ҳашт ҳазор иншоот пешбинӣ гардидааст. То имрӯз аз шумораи умумӣ беш аз ҳафтод фисади иншоот ба истифода дода шудаанд.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд, дар ин радиф афзалияти бештар ба ҷамоату деҳоти минтақаҳои дурдасти вилоят дода шуда, татбиқи раванди корҳои ободониву созандагӣ пайваста дар мадди назари роҳбарият қарор дорад.

Аз ҷумла, яке аз ҷамоатҳои баландкӯҳу дурдасттарини вилояти Суғд – Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, ки дар он беш аз 33 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ доранд, аз чунин минтақаҳо мебошад.

Бояд гуфт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ин ҷамоат корҳои азими бунёдкорӣ бомаром идома доранд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баҳри шиносоӣ бо раванди корҳои сохтмониву бунёдкорӣ ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дода, аз ҷараёни корҳои ободонӣ дар Ҷамоати деҳоти Ворух дидан намуд.

Тавре масъулини мақомоти иҷроии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара иттилоъ доданд, Раиси вилоят бо ҷараёни бунёди майдони Парчам, муассисаи нави таълимӣ, қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ворух, обод намудани мавзеъҳои ҷамъиятӣ, роҳу кӯча ва маҳалли зист, сабзазоркуниву хуррамгардонӣ шинос гардида, ба фаъолнокиву меҳнатдӯстии сокинон баҳои баланд дод. Мавсуф ҳамзамон изҳор дошт, ки «мардуми шарафманди Ворух бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат баҳри амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳояшон ҳамаи тадбирҳоро андешида, бо саҳмгузорӣ дар ҷодаи ободонии як гӯшаи дурдасти Тоҷикистон баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни бузурги миллии дар пешистода ҳамарӯза ҷаҳду талош доранд».

Зикр гардид, ки дар маҷмӯъ, дар шаҳри Исфара то имрӯз беш аз 400 иншооти гуногуни иҷтимоӣ бунёд шудаанд. Аз ҷумла, давоми солҳои 2018 — 95 иншоот, 2019 — 149 иншоот, 2020 — 161 ва давоми 2 моҳи соли 2021 4 иншоот бунёду навсозӣ гардида, мавриди истифода қарор гирифтаанд.






Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво