29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷайҳун Байрамов: «Бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти судманд доштем»

167
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамовро ба ҳузур пазируфтанд.

«Боиси хушнудист, ки ҳайати моро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтанд ва ман паёми Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиевро ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонидам»,- гуфт ба хабарнигорон пас аз мулоқот бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов.

Ӯ афзуд, ки бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти судманд дошт. Муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон, аз ҷумла робитаҳои сиёсӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, ҳамлу нақл, саноат, кишоварзӣ ва маориф дар мулоқот мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

«Дар ҳошияи нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул», ки пагоҳ дар Душанбе баргузор мегардад, ҳайати Озарбойҷон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ниҳодҳои давлатӣ ва дигар ҳамтоёни худ аз кишварҳои дӯсту бародар дидору вохӯриҳо анҷом хоҳад дод», — гуфт дар фарҷом Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз ҳайати Ҷумҳурии Озарбойҷон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Ҷайҳун Байрамов барои иштирок дар нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» ба Душанбе ташриф овард.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво