29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Хоруғ мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми 30- солагии Истиқлоли давлатӣ ҷамъбаст гардид

253
Дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни ҷавонони шаҳри Хоруғ ҷамъбаст гардид. Дар ин бора аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мусобиқаи мазкур бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, шаҳри Хоруғ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар ҳамкорӣ бо Анҷумани Оғохон оид ба масоили ҷавонон ва варзиш дар ВМКБ байни ҷавонони шаҳри Хоруғ тайи 3 моҳ давом ёфт.

Мусобиқаи футбол байни ҷавонони маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ, ки дар як даста иштирок намуда, аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳри Хоруғ, ширкатҳои мобилии Тсел, Мегафон, Вабилон, ширкати барқии «Помирэнерҷӣ», андози шаҳри Хоруғ, Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят, Раёсати стандартизатсия, метереология ва сертификатсияи вилоят ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят бо маблағи пулӣ ва либосҳои варзишӣ дастгирӣ ёфта, ҷавонони шаҳр фаъолона дар мусобиқаи мазкур иштирок намуданд.

Дар бозии финалӣ дастаҳои «Тандурустӣ» ва «Pamirnergy» бо ҳам рақобат намуда, бо ҳисоби 3:1 варзишгарони дастаи «Pamirnergy» ғолибият ба даст оварданд. Варзишгарони дастаи Мегафон дар ин мусобиқа сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ғолибон бо Ҷом, медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин зиёда аз 30 дучархаи нави замонавӣ ба иштирокчиёни мусобиқаи мазкур тақдим карда шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво