28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон дар ду моҳи соли равон ба маблағи беш аз 30 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст

268
Субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон дар зарфи ду моҳи соли равон ба маблағи беш аз 34,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.

Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат, дар панҷ минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон 60 корхонаю ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки айни замон 22 субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ба таври густурда фаъолият намуда, маҳсулот истеҳсол менамоянд. Аз ҷумла, 11 корхона дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», 9 корхона дар Минтақаи озоди «Данғара» ва ду корхона дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» маҳсулот истеҳсол мекунанд.

Дар ин давра субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба маблағи беш аз 30 миллион сомонӣ ва корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар ҳаҷми 4,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво