11 октябр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ширкатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хатсайрҳои нави сайёҳӣ таҳия менамоянд

984
Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тасмим гирифтаанд, ки хатсайрҳои нави сайёҳӣ таҳия намоянд. Чунин зикр шуд дар мулоқоти роҳбарону намояндагони ширкатҳои сайёҳии ду кишвари ҳамҷавор, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз дар Душанбе доир гардид.

Дар мулоқот ҳамзамон масъулини Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти сайёҳии шаҳри Тошканди Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот мусоҳибон атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ табодули афкор намуда, бо дарназардошти паст шудани хавфи бемории сироятии COVID -19 барои қабул ва гусели шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сайёҳ ба кишварҳои ҳамдигар таклифҳои судманд пешниҳод намуданд. Хусусан таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва ташкили мулоқоти ширкатҳои сайёҳии ҳарду давлат дар оянда ба мақсад мувофиқ шуморида шуд, хабар медиҳад манбаъ.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво