26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи дурдасти Мурғоб иди Наврӯз бо суннатҳои аҷдодӣ таҷлил гардид

244
Дар шаҳраки Мурғоби ноҳияи Мурғоб, ки дар баландии зиёда аз 3600 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад, Иди байналмилалии Наврӯзро бо шукӯҳи хосса пешвоз гирифтанд. Кӯчаю маҳаллаҳои шаҳрак ба таври идона оро ёфта, бахшида ба ҷашни қадимаи Наврӯз дар ин ҷо маҷлиси тантанавӣ, намоиш ва барномаҳои фарҳангӣ гузаронида шуданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар намоиш ҳунари волои кадбонуҳо аз тамоми ҷамоаҳои меҳнатӣ ва маҳаллаҳо, сӯзаниву маҳсулоти чӯбӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ ва суратҳои табиати ноҳия ба тамошо гузошта шуда, ҳар маҳал суннатҳои мардумии наврӯзиро бо рақсу тарона намоиш дод. Раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода сокинон ва ҷамъомадагонро бо расонидани паёми наврӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона муборакбод намуд.

Ҳамзамон зикр кард, ки Наврӯз ҷашни хуҷастаи миллии мост, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон башариву ҷаҳонӣ шуда, имрӯз мо онро дар фазои тантанавӣ бо иштироки тамоми халқу миллатҳои гуногун хурсандона ҷашн мегирем.

Инчунин раиси ноҳия аз суннатҳои наврӯзӣ ёдовар шуда, зикр кард, ки «нахустин суннати Наврӯз тозагиву озодагист. Сокинон аввал бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай, ки рӯзи нав ва иди аҷдодии мост, хонаҳои худро аз чангу ифлосӣ ва гард тоза мекунанд. Ашёи кӯҳнаву фарсудаву шикаставу нолозимро мепартоянд, то ки бо омадани Наврӯз ҷиҳози хона нав карда шаваду дили одамон аз кина пок гардад. Наврӯз таърихи ҳазорсолаҳо дошта, ба ҳаёти одамон ва табиат вобастагии зич дорад. Аз ин рӯ, ҷашнгирии Наврӯз аз донишу мартабаи пешгузаштагони мо шаҳодат медиҳад».

Маҳфили фарҳангӣ аз суруду рақсҳои наврӯзии мардуми тоҷику қирғиз ва дигар халқу миллат иборат буда, дар он таронаҳои тараннумгари сулҳу ваҳдат ва шукргузорӣ аз истиқлол садо доданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво