29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз атрофи ёдгории бостонии дайри буддоии Аҷинатеппа тоза карда шуд

225
Бахшида ба Наврӯзи дилафрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади тозаю озода намудани атрофи иншооти таърихӣ, аз ҷумла, ёдгории бостонии дайри буддоии Аҷинатеппа бо иштироки донишҷӯёни бахши сайёҳии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳашар баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Тозаю озода намудани муҳити атроф яке аз оинҳои ҷашни бостонии Наврӯз буда, ҳадафи аслӣ ба роҳ мондани корҳои ободонӣ дар доираи нақшаи ҳашарҳои ҷумҳуриявӣ ба пешвози ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сазовар таҷлил намудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Чанде пеш дар мулоқоти роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар баробари дигар масъалаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан ба вазъи тозагии мавзеъҳои таърихӣ ва фароҳам овардани шароити хизматрасонӣ, аз қабили мағозаҳои хурди фурӯши армуғонҳо, гулдӯзиву сӯзаниҳо дар атрофи иншооти таърихӣ ва бештару беҳтар тарғиб намудани имконияти сайёҳии вилоят мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифта буд.

Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ ба хотири сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбири мазкур мунтазам роҳандозӣ гардида, дар ин ҷараён корҳои ободонӣ, созандагӣ ва тоза намудани мавзеъҳои сайёҳгузар ба роҳ монда мешавад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво