7 декабр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

То соли 2025 Ҳисор ба шаҳри муосиру замонавӣ, устувору инноватсионӣ ва сайёҳӣ табдил меёбад

341
Тибқи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021–2025» Ҳисор соли 2025 ба шаҳри муосиру замонавӣ, устувору инноватсионӣ, маркази муҳими рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, дурдонаи ҷолиби соҳаи сайёҳӣ ва «Роҳи абрешим», ки дар он ҳамаи шароити замонавии иҷтимоӣ, тиҷорат, савдову хизматрасониҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, боиси некӯавҳолии аҳолӣ мегардад, табдил хоҳад гардид. Чунин зикр шуд зимни муаррифии «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021–2025», ки дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор доир гардид.

«Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021–2025» аз ҷониби шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва савдои шаҳри Ҳисор омода гардида, аз сӯи коршиноси Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ муаррифӣ шуд. Дар шаҳри Ҳисор тибқи Барнома то соли 2025 дар бахшҳои иқтисодиёт 305 лоиҳа, иҷтимоиёт 250 лоиҳа, инфрасохтор, ҳолатҳои фавқулода ва ҳифзи муҳити зист 83 ва дар идоракунии раванди татбиқи Барномаи рушди шаҳри Ҳисор 16 лоиҳа, дар умум 654 лоиҳа ба маблағи умумии 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ амалӣ мегарданд.

«Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021–2025» вазъи кунунии иқтисодӣ, таҳлили мушкилот, стратегия, ҳадаф ва вазифаҳои барномавиро дар бар гирифта, заминаҳои ҳуқуқӣ ва стратегии онро шарҳ медиҳад. Ҳадафи дарозмуҳлати Барнома баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум тавассути таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ маҳсуб мешавад.
Дар барнома дар бораи вазъи кунунии иқтисодии шаҳр маълумоти фаровон гирд оварда, дар ин самт оид ба вазъи соҳибкории хурду миёна, кишоварзӣ, сохтмон ва дастрасӣ ба манзил, рушди соҳаи сайёҳӣ, дар самти иҷтимоӣ дар бораи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, шуғли аҳолӣ ва бозори меҳнат, кор бо ҷавонон фарҳанг ва варзиш, инчунин дар бахши инфрасохтор соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва оби нӯшокӣ, таъмин бо барқ, нигоҳдории роҳ ва нақлиёт, дар бахши бехатарии муҳити зист мушкилот ва вазифаҳои барномавӣ нишон дода шудаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво