20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Суғд сеюмин Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод» ҷараён дорад

209
Дар Суғд сеюмин Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод» ҷараён дорад
17 март бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ва 20 – солагии Созмони ҳамкории Шанхай сеюмин Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод» дар вилояти Суғд оғоз гардид.

Субҳи имрӯз иштирокдорони фестивал ба ноҳияи Мастчоҳ сафар намуда, аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва мавзеъҳои тамошобоби ин ноҳия дидан намуданд. Ҳамчунин барномаи муштараки фарҳангии санъаткорони ҷавони хориҷӣ ва аҳли фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ дар Қасри фарҳанги ноҳия баргузор гардид.

Нимаи дуюми имрӯз иштирокчиёни фестивал ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар намуда, аз Қасри маданияти Арбоб ва Боғи миллии Ваҳдати ноҳия дидан намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод» 50 нафар ҷавонони кишварҳои Россия, Қирғизистон, Афғонистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қазоқистон, Туркманистон, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон иштирок доранд.

Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод» то 19 март идома меёбад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво