19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷиҳати интихоби ширкати пудратчӣ барои лоиҳаи «Таҷдиди роҳи мошингарди «Қизилқалъа-Бохтар» озмун доир гардид

210
Дар Токио озмун ҷиҳати кушодани лифофаҳои пешниҳоди техникии ширкатҳои довталаб вобаста ба интихоби ширкати японии пудратчӣ барои иҷрои корҳои сохтмонии қитъаи Қизилқалъа-Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон тариқи видеоконфронс иштирок намуданд.

Дар ин хусус аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Муовини аввали вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Раҳим Бобозода миннатдории роҳбарияти Вазорати нақлиётро ба Ҳукумати Япония барои дастгирӣ дар рушди бахши нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.

Зикр шуд, ки Ҳукумати Япония тавассути Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалиӣ «JICA» тавассути ҷудо намудани маблағҳои грантӣ барои татбиқи лоиҳаҳо кумаки калон мерасонад. Сипас озмун тибқи расмиёти Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ «JICA» оғоз гардид. «Дар озмун танҳо як ширкати японии «Дай Ниппон» иштирок намуда, пешниҳоди техникии он бояд то 23 марти соли равон арзёбӣ гардад. 23 марти соли 2021 озмун ҷиҳати кушодани лифофаҳои пешниҳоди молиявии ширкат гузаронида шуда, пас аз арзёбӣ гуфтушунид байни Вазорати нақлиёт ва ширкат ҷиҳати бастани қарордод оғоз мегардад», — хабар медиҳад манбаъ.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво