19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар арафаи ҷашни Наврӯз ба 100 нафар оилаҳои ниёзманди Душанбе кумакҳои моддии яквақтаина расонида шуд

185
Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино, инчунин бо саҳми вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Нурҷаҳон Исмоилзода ба 100 нафар оилаҳои ниёзманди шаҳри Душанбе кумакҳои моддии яквақтаина расонида шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, кумаки расонидашуда аз маводи ғизо, аз қабили орд, равған, картошка, пиёз, шакар, макарон, биринҷ ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал иборат буд.

Ин иқдом дар доираи сиёсати пешгирифтаи Cарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии оилаҳои ниёзманд таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд, роҳандозӣ гардид.

Тавре Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд: «Хайру саховат ва меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон, ки дар рӯзҳои ид чашми умед сӯйи мову шумо дӯхтаанд, қарзи инсонӣ ва исломии ҳар фарди худоҷӯй ва инсондӯст аст».




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво