20 июн 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Бӯстон бинои Филиали Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АМИТ бунёд мешавад

204
Дар шаҳри Бӯстон бинои Филиали Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд бунёд мешавад. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, маросими гузоштани санги асос барои бунёди бинои ​ филиал бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ доир шуд.

Филиали Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2004 ташкил шуда, ҳамчун мақоми танзимкунандаи давлатӣ оид ба таъмини бехатарии радиатсионӣ дар вилояти Суғд фаъолият мебарад.

Зимни фаъолият Филиали Агентӣ ҳаҷми калони корҳои мониторинги радиатсиониро дар самти таъмини бехатарии радиатсионии маҳфузгоҳҳои вилояти Суғд иҷро намуда, оид ба бехатар гардонидани онҳо таклифҳои мушаххас пешниҳод кардааст.

Ташкили бинои маъмурии мазкур имконият медиҳад, ки он ба Маркази илмӣ-инноватсионии на танҳо вилояти Суғд, балки тамоми ҷумҳурӣ мубаддал гардида, обрӯю эътибори давлати моро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво