Пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ
1145
Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолону собиқадорони ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо занону духтарон ва ҷавонону волидайни онҳо оид ба пешгирии хушунат дар оила, сӯиқасд ба ҷони худ, дурӣ ҷустан аз фарҳанги бегона, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва шомил нагардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ вохӯриҳо доир менамоянд.
Дар вохӯриҳои судманд кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва имомхатибону фаъолону собиқадорон аз ҷавонону падару модарон даъват ба амал оварданд, ки зиракиро аз даст надода, ба суханҳои хоинони ватан гӯш наандозанд, ба ваъдаҳои дурӯғ бовар накунанд, шукронаи тинҷию оромии кишварро карда, насиҳатҳои падаронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи зиндагии хеш қарор диҳанд. Мақсади асосии вохӯрию ҳамкорӣ бо сокинон -пешгирии ҳар гуна амалҳои номатлуб ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |