25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 292 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор гардид

162
Шабонарӯзи охир шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 292 ҳазор афзоиш ёфта, аз 117,75 миллион гузашт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти имрӯзаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба ҳолати соати 10:00 (ба вақти Душанбе)-и 9 март ба СУТ дар бораи 117 751 038 сироятшуда ва 2 612 188 фавт маълумот расидааст. Шумораи гирифторони ин беморӣ шабонарӯзи охир 292 394 нафар ва фавтидагон 6 443 нафар афзудааст.

Шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд — 29 744 652. Баъд аз он Ҳиндустон (11 244 786), Бразилия (11 055 480), Россия (4 333 029), Британияи Кабир (4 223 232), Франсия (3 909 560), Испания (3 160 970), Италия (3 081 368), Туркия (2 793 632), Германия (2 513 768), Колумбия (2 278 861) ва Аргентина (2 154 694) қарор доранд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво