29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар мулоқоти роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ ва раиси вилояти Хатлон масъалаҳои рушди сайёҳӣ баррасӣ шуданд

258
Бо мақсади баррасии масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи рушди сайёҳӣ ва татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, 4 март зимни сафари корӣ Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода мулоқот намуд.

Ҷонибҳо бо дарназардошти захираҳои бузурги вилоят ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ масъалаҳои рушди сайёҳии шикори моҳӣ ва агротуризм, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, ташкили инфрасохтори ба талабот ҷавобгӯ, тарбияи мутахассисони ботаҷрибаю касбӣ, дар мавзеъҳои таърихӣ фароҳам овардани шароити хизматрасонӣ, аз қабили мағозаҳои хурди фурӯши армуғонҳо, гулдӯзиву сӯзаниҳо, бештару беҳтар тарғиб намудани имконияти сайёҳии вилоят дар дохил ва берун аз ҷумҳурӣ, ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ ба вилоят, ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан ба вазъи тозагии мавзеъҳои таърихӣ ва истифодаи мақсадноку босамари маблағҳои грантии лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ суҳбати фарогир ва мубодилаи фикру мулоҳиза намуданд.

Бо ташаббуси Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба таҷлили сазовори Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ корҳои ободонию созандагӣ дар ҳамкорӣ бо сокинони сарбаланди вилоят ва соҳибкорони саховатманду пешсаф бо маром идома дошта, дар бунёди инфрасохтори сайёҳӣ саҳми назаррас гузошта мешавад.

Қариб дар ҳамаи ноҳияҳо дар мавсими баҳор сайри табиат ва зиёрати мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Алахусус мақбараи «Мир Саид Алии Ҳамадонӣ»дар шаҳри Кӯлоб, «Қалъаи Ҳулбук»дар ноҳияи Восеъ, оромгоҳи «Хоҷа Машҳад», мавзеи «Чилучорчашма» дар ноҳияи Шаҳритус, оромгоҳи»Зайналобуддин»дар ноҳияи Дӯстӣ, мавзеи мазори «Ҳазрати Султон» дар ноҳияи Ховалинг, мавзеи шаршараи «Сарихосор» дар ноҳияи Балҷувон, мавзеи «Чилдухтарон»дар ноҳияи Муъминобод ва даҳҳо дигар мавзеъҳо таваҷҷуҳи теъдоди зиеди сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб карда истодаанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҳудуди вилояти Хатлон соли 2017 ҳамагӣ 4 ширкати сайёҳӣ фаъолият менамуд, ки давоми солҳои 2018-2020 шумораи онҳо ба 20 адад расид.

Дар ҳудуди вилоят 4 муассиса таълимӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб мутахассисони соҳаро аз рӯи ихтисосҳои саёҳат ва меҳмоннавозӣ, географияи сайёҳӣ, менеҷменти саёҳат, иқтисод ва идораи сайёҳӣ омода менамоянд.

Ҳамзамон барои хизматрасонӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ дар қаламрави вилоят 190 меҳмонхона, 138 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 132 тарабхона, 42 осорхона, 931 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ аз ин (721 ёдгориҳои бостонӣ, 124 ёдгориҳои меъморӣ ва 86 ёдгориҳои монументалӣ), 79 чойхона, 59 ҳоумстей, 80 мағозаи фурӯши армуғон, 116 зиёратгоҳ, 44 боғҳои фарҳангӣ ва 27 маркази иттилоотии сайёҳӣ фаъолият доранд.

Дар вилоят зиёда аз 70 хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва мавзеъҳои моҳидорӣ, ки ба кӯлу дарёҳои табиӣ рабт доранд, фаъолият карда, мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.

Дар ин робита Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ зимни сафар бо масъулини мақомоти вилояти Хатлон дар шаҳри Леваканд аз 6 ҳавзи моҳипарварӣ дар Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» ва ҳавзҳои моҳипарварии ҷамоатҳои «Сайроб» ва «50-солагии Тоҷикистон», аз ҷумла парваришгоҳи моҳии «Хушзод»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ боздид намуд. Дар ҷараёни боздид ва вохӯрӣ бо масъулин ва соҳибмулокони хоҷагиҳо барои зиёд намудани шумораи сайёҳон ва такмили инфрасохтори шикори моҳӣ тавсияҳои амалӣ ва судманд дода шуда, ҷиҳати муштаракан пеш бурдани ин самти муҳими сайёҳӣ чонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки дархостҳои лоиҳавию сармоягузорӣ барои ҷалби маблағҳои грантию сармоягузорӣ тарҳрезӣ карда мешаванд.

Ба маълумоти роҳбарияти мақомоти вилоятӣ расонида шуд, ки бо ҷалби кумакҳои техникии созмонҳои шарикони рушд, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд барои пешбурди корҳои барқарорсозӣ ва беҳбуд бахшидан ба иншооти таърихию фарҳангии мадрасаи Хоҷа Машҳади ноҳияи Шаҳритус, қалъаи Ҳулбуки ноҳияи Восеъ ва «Чилучорчашма»-и ноҳияи Носири Хусрав ва тавсеа бахшидани хатсайрҳои сайёҳӣ вилоят мушовирон ва ширкатҳои байналмилалӣ ҷалб карда шуда, барои хизматрасонии сайёҳон инфрасохтори замонавӣ бунёду омода карда мешавад. Зимни тармиму таҷдид ва навсозии иншооти сайёҳиву таърихӣ масолеҳи аслӣ истифода шуда, намои қадима ва таърихии ёдгориҳои таърихӣ ҳифз карда мешавад.

Дар доираи ин сафари корӣ ҳамчунин бо мақсади шиносоӣ бо вазъи ёдгориҳои таърихӣ дар ноҳияи Вахш Раиси Кумита аз мавзеи таърихии дайри буддоии Аҷинатеппа дидан кард. Масъулини вилоят иттилоъ доданд, ки солҳои охир шумораи сайёҳон ба ин мавзеи таърихӣ меафзояд ва мақомот тасмим доранд бо ҷалби соҳибкорони ватандӯсти маҳаллӣ зиёда аз 15 км роҳҳои дохилиро то мавзеъҳои таърихӣ таъмиру таҷдид намоянд.



Дар ин самт Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ ҷиҳати барқарорсозӣ ва бунёди иншооти хизматрасонӣ дар атрофим авзеъ барои пешниҳоди лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба ҷониби кореягӣ ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.

Аҷинатеппа боқимондаи ёдгории меъмории дини буддоӣ аст. Мувофиқи таҳқиқи бостоншиносон, бутхона дар нимаи дуюми асри 7 ва ибтидои асри 8 фаъолият доштааст.

Номи асосии ин ёдгорӣ аслан Аҷинатеппа нест ва ин унвон солҳои 40-уми асри ХХ дар натиҷаи боронҳо як ҷои теппа фурӣ рафта, сӯрохе ба вуҷуд омадааст ва нафаре аз маҳалиён вориди сӯрох шуда, бути якпаҳлу хобрафтаеро мебинад ва тарсон берун омада, дидаашро ба мардум нақл мекунад. Минбаъд маҳалиён онро макони ҷинҳо (махлуқи бадшаклу бадкирдори афсонавӣ) пиндошта, Аҷинатеппа номгузорӣ кардаанд.

Ба назари коршиносони соҳаи сайёҳӣ, пас аз тармиму таҷдиди ин мавзеъ пайравони дини буддоӣ аз Корея, Япония, Чин, Тайланд, Тайван, Ҳиндустон, Муғулистон ва дигар кишварҳои Осиё ба Тоҷикистон ба ҳайси сайёҳ зиёд мегарданд.

Хатлонзамин бо ёдгориҳои бостонӣ, ки таърихи куҳану асрори ниёконро дар худ нуҳуфтаанд, табиати зебову афсункору водиҳои паҳновар, гиёҳҳои шифобахшу чашмасорони мусаффо, меваҳои шаҳдбор ва ҳавои форамаш дили сайёҳонро тасхир намудааст.

Имсол Кумита барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар вилояти Хатлон, силсила суҳбату мулоқотҳо, тренингу омӯзишҳо, конфронсу фестивалҳои минтақавӣ, барномаҳои телевизионӣ ва корвони рӯзноманигоронро ташкил менамояд, ки ин баҳри муаррифӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ дар минтақа мусоидат менамояд.

Ҳамчунин бо маҳсади тарғибу ташвиқи захираҳои сайёҳии вилоят, Кумита ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ мавзеъҳои тамошобоби Хатлонро дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ дар кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё ва минтақа манзури дӯстдорони сайру саёҳати ҷаҳон менамояд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво