18 апрел 2021, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Дар шаҳри Хоруғ бо ширкати беш аз 2 ҳазор нафар бонувон Рӯзи Модар таҷлил шуд

40
Дар толори Театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ бо ширкати беш аз ду ҳазор нафар бонувони касбу кори гуногун маҷлиси тантанавӣ ва консерти идона баргузор гардид. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба ифтихори ин ҷашни мубораку фархунда модарону бонувони мамлакатро табрик намуда, барояшон хушбахтиву хушкомӣ ва рӯзгори ободу осуда таманно кард.

Зикр шуд, ки бонувони тоҷик имрӯз аз тамоми ҳуқуқу озодиҳо бархурдор буда, дар тамоми ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ, бахши хусусӣ, инчунин пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиву тандурустӣ нақши барҷаста мегузоранд. Шумораи занони вилоят дар вазифаҳои масъули давлатӣ, ба шумули вазир, муовини вазир, раисони шаҳру ноҳияҳо, вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ситоши зан-модар барҳақ фармудаанд, ки “бешак, дар ҷомеае, ки шумораи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд, пешравӣ босуръат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳарчӣ бештари фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт”.
Дар шаҳри Хоруғ бо ширкати беш аз 2 ҳазор нафар бонувон Рӯзи Модар таҷлил шуд
Раиси вилоят гуфт, ки «шурӯъ аз солҳои аввали истиқлоли давлатӣ то имрӯз ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ дар робита ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ба тасвиб расидаанд, ки пас аз ин тадбирҳо ҳазорон нафар занону духтарони боҷасорату қавиирода ба арсаи васеи сиёсат ворид гардиданд. Садҳо тан духтарони ноҳияҳои дурдаст имкон пайдо намуданд, ки мутобиқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои олии кишвар шомил гардида, ҳоло ба сифати табиб, омӯзгор, муҳандис ва меъмор фаъолият мекунанд. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат аз он шаҳодат медиҳад, ки минбаъд низ мақоми занон дар ҷомеа таҳким ёфта, нақши онҳо дар ободониву шукуфоии кишвар бештар ба назар хоҳад расид».

Зимни ҳамоиш зиёда аз 50 нафар занони собиқадор ва бонувони фаъоли ҷомеа бо ифтихорномаи раиси вилоят, мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Тантанаи идона бо барномаи рангини консерӣ ба поён расид.






Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво