18 апрел 2021, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Занони собиқадори шаҳри Хуҷанд аёдат карда шуданд

51
Дар доираи таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳри Хуҷанд чанд нафар занон, бонувони собиқадори арсаи сиёсат, маориф, саноат ва иҷтимоиёт аз ҷониби масъулини ҳукумати шаҳр аёдат карда шуданд.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», дирӯз иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ба манзили чанд нафар собиқадорони арсаи меҳнат, аз ҷумла заҳматкаши ақибгоҳи солҳои ҶБВ, дорандаи Медали ҷашнӣ ба муносибати Иди Ғалаба Бибифайзӣ Қодироваи 95-сола, собиқадори меҳнат, ки тӯли 20 сол раиси Шӯрои занони маҳаллаи Сайҳун буд, Қутфинисо Раҳмоноваи 90-сола, собиқадори меҳнат, заҳматкаши ақибгоҳи ҶБВ, дорандаи медалҳои ҷашнӣ Манзура Бобоҷоноваи 80-сола, собиқадори меҳнат, дорандаи медалҳои ҷашнӣ Муҳаррам Азимоваи 77-сола ва чанд нафари дигар рафта, онҳоро аёдат намуда, бо иди занону модарон табрик намуданд.

Зикр шуд, ки имрӯзҳо занону модарони тоҷик бо шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ дар тарбияи насли наврас, фаҳмонидани рукнҳои асосии оиладорӣ, ба низом даровардани расму оинҳои халқӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ва ободии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.

Дар навбати худ аёдатшудагон аз таваҷҷуҳу ғамхории роҳбарияти давлату ҳукумат ёдовар гашта, миннатдории худро баён намуданд. Модарон шукронаи нозу неъмат ва амну осиштагии мамлакат намуда, баҳри оромиву осоиштагии ҷумҳурӣ ва шукуфоиву пешравии он даст ба дуо бардоштанд.






Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво