18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

262
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Зимни ҳамоиш дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе ба 1169 нафар занону бонувон, ки дар тозакориву поккорӣ ва ободонии кӯчаву маҳаллаҳои ноҳияи Сино саҳм гузоштаанд, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ тақдим шуданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷамъомади тантанавӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода масъулину кормандон ва занону бонувони Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахтро ба муносибати Рӯзи Модар табрик гуфта, барояшон комёбиҳои беназир, саодату пирӯзӣ таманно намуд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи Модар ҷиҳати ҳавасманд намудани кормандзанони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт, бонувон, кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин барои гузаронидани барномаи фарҳангӣ ба ин муносибат 3 633 450 (се миллиону шашсаду сиву се ҳазору чорсаду панҷоҳ) сомонӣ ҷудо гардид.

Тибқи қарори мазкур муовинони раиси шаҳр – сарпарасти ноҳияҳо якҷоя бо раисони ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки то 6 марти соли 2021 ҷиҳати дар фазои тантанавӣ дастрас гардонидани маблағ ва туҳфаҳои ҷудошуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво